Имзои қонунҳо: Аз шарт барои вазирону вакилон то имтиёз ба сарбозону ҷазои ронандаҳои маст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми июл як қатор қонунҳоеро имзо намуд, ки қаблан аз ҷониби парлумон қабул гардиданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунҳо «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо», «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо намуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки қонунҳои марбут ба ҳукумату парлумон бо мақсади баланд бардоштани масъулияти узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони, аъзои Ҳукумати кишвар ва пешрафти фаъолияти онҳо қабул гардиданд: “Муқаррар шудааст, ки узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумати кишвар шахсе интихоб ё таъин шуда метавонанд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Дар навбати худ ба даст овардани шаҳрвандии давлати дигар асос барои қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони ва аъзои Ҳукумат мегардад. Савганди шахсони мазкур ҷиҳати хизмати софдилона ва садоқат ба халқу Ватан ва ба Президенти кишвар ҷузъи асосии меъёри қонунҳои конститутсионии номбударо ташкил медиҳад”.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ба Кодекси ҷиноятиро имзо намуд, ки тибқи он барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлати бегона, рақами қалбакӣ ва тайёр кардани рақами қалбакии воситаҳои нақлиёт, инчунин идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардидааст: “Тибқи иловаҳо ба қонун “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии пас аз муассисаи олии таълимӣ”, дар баробари ятимону бепарасторон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд, ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ имтиёзҳо муқаррар шуд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки қонунҳои қабулгардида ба таъмини пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ равона карда шудаанд: “Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад”.