баргард чоп кардан

ВКД: Қотил дар ноҳияи Қумсангир боздошт гардид

Зимни як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон  шаҳрванд Ғаниҷон Ашурови 32 сола, бо ҷурми куштор дастгир карда шуд.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, ӯ сокини  ҷамоати  «Қумсангир», кӯчаи  Меҳнатобод мебошад.

Манбаъ афзуд, номбурда дар назди бозори марказии ноҳия, воқеъ дар кӯчаи Комсомол бо шаҳрванд Ҷононов Аҳлиддини 40 сола, сокини деҳаи Меҳнатобод  вохӯрда аз сабаби хусумати пешакӣ ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синаи Ҷононов зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷа дуввумӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидааст. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.