Ҳабси абади генерали 74-сола барои гирифтани пора
Додгоҳи ҳарбии Чин Го Босюн, ноиби пешини Шӯрои марказии низомии ин кишварро ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Хабаргузории Синхуа менависад, генерали 74-сола дар гирифтани пора ва сӯиистифода аз мақоми хидматӣ муҷрим шинохта шудааст: “Маблағ ва амволи ғайриқонунӣ ба дастовардаи ӯро ба хазинаи давлат гузарондаанд. Бар илова Го Босюн аз рутбаи генерал-полковник маҳрум шудааст”.
Додгоҳ пушти дарҳои баста сурат гирифтааст. Аммо ба иттилои нашрияи South China Morning Post, Го Босюн барои гирифтани пора дар ҳаҷми наздик ба $12,3 миллион боздошт гардидааст.
Гуфта мешавад, Босюн бо истифода аз мақоми худ барои ба вазифа таъин шудани одамон аз онҳо дар ҳаҷми бузург ришва мегирифтааст.
Ӯ аз соли 2002 то 2012 муовини раҳбари Шӯрои марказии низомии Чин буд.