Болоравии қурби $ ва коҳиши қурби рубл дар Душанбе
Бонкҳои Тоҷикистон имрӯз, 27-уми июл қурби 100 доллари амрикоиро 787-789 сомонӣ муайян кардаанд, ки нисбати нишондоди рӯзҳои пешӣ ҳудуди 2 сомонӣ бештар мебошад.
Намояндагии “Амонатбонк” дар маркази Душанбе баробари боло бурдани қурби доллар имрӯз арзиши рублро поин бурдаст. Ин ниҳод арзиши 1000 рублро зимни харид 117 сомонӣ ва ҳангоми фурӯш 118 сомонӣ муайян намудааст. Чанд рӯзи пеш қурби 1000 рубл дар маркази Душанбе баробари 122-123 сомонӣ буд.
Қурби расмии рубл ва доллар имрӯз, 27-уми июл дар сомонаи Бонки миллӣ мутаносибан 0,1166 ва 7,8685 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бонки Миллӣ қурби як евроро имрӯз 8,6554 сомонӣ муайян намудааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон зимни нишасти ахири матбуотияш гуфт, талош мекунанд қурби долларро дар сатҳи муътадил-баробари 7,86 сомонӣ нигоҳ доранд. Ӯ гуфт, поинравии қурби доллар аз эҳтимол дур аст, аммо талош мекунанд, ки арзиши он боло наравад.