баргард чоп кардан

«Ҷоми СССР» насиби тими футболи наврасони «Равшан»-и Кӯлоб шуд

Дастаи наврасони «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб барандаи «Ҷоми СССР» гардид.


Тавре Шералӣ Давлатов, дабири кулли ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дирӯз, 18-уми ноябр дастаи наврасони «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар варзишгоҳи «Политехникум»-и шаҳри Душанбе бо футболбозони навраси дастаи «Вахши»-и Қӯрғонтеппа рақобат намуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омада, соҳиби ҷоми  СССР шуд.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки бо ташаббуси федератсияи футболи мамлакат ва бо дастгирии кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва ҳафтаномаи СССР соли сеюм аст, ки дар шаҳри Душанбе «Ҷоми СССР» дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар ин сабқат ҳамасола футболбозони навраси то сини 16 солаи 8 даста аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баромад мекунанд. Давлатов изҳор дошт, ки мақсад аз гузаронидани ин мусобиқот як такон додан, барои футболи бачагонаи кишвар аст. Ӯ мегӯяд, мо ба хулосае омадем, ки соли дигар вақти бозиро тағйир дода бозиҳои ҷоми «СССР»-ро дар сатҳи байналмиллалӣ гузаронем.