баргард чоп кардан

Суғд:Райиси вилоят барои нашри «Шамшер» ва ансамбли «Нури Хуҷанд» маблағ ҷудо кард

Қоҳир Расулзода санади марбутаро «Оид ба ҷудо намудани маблағ» барои чопи китоби «Шамшер» ба имзо расонд.


Бояд гуфт, ки бо мақсади дастрас намудани китоби Сироҷиддин Осимӣ ба дӯстдорони ин асар аз буҷети вилоятӣ ба маблағи 4 ҳазору 122 сомонӣ ҷудо гардид.

Тибқи иттилои хадамаоти матбуоти райиси вилоят, ҳамчунин қарори райиси вилояти Суғд бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддӣ - техникӣ ва харидорӣ намудани таҷҳизоти овозӣ, бахшида ба 10 солагии таъсисёбии ансамбли давлатии шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» ба маблағи сад ҳазор сомонӣ ба тасвиб расид. Гуфтанист, харидории таҷҳизоти нави муосир барои боз ҳам рушд намудани санъати шашмақомхонӣ мусоидат хоҳад кард.