Тағйироти кадрӣ: Таъини раисони нави Бозорҳои “Шоҳмансур”-у “Деҳқон” ва...
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 28 июл бо судуди чанд қарор дар баъзе сохторҳои шаҳрӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе иттилоъ доданд, Хуршед Кабиров мудири шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе таъин шуда, Шералӣ Хушзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Муассисаи давлатии “Раёсати обёрӣ” озод шудааст. Убайдуллоев ба ин вазифа Нурулло Алиевро таъин кардааст: “Саймаҳмуд Муминов ба вазифаи директори КВД “Бозори Шоҳмансур” ва Зиёвуддин Наҷмиддинов ба вазифаи директори КВД “Бозори Деҳқон” таъин гардиданд”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев 11 июл фаъолияти раҳбарони бозорҳои коммуналии пойтахтро нокифоя хонда Бахтиёр Лақаев, директори КВД “Бозори Шоҳмансур"-ро аз мақом барканор карда буд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев зимни натиҷагирӣ аз тадбирҳои роҳандозинамудаи шаҳрдорӣ оид ба ғанигардонидани бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон, фаъолияти директорони бозорҳои коммуналии шаҳрро нокофӣ арзёбӣ кардааст.