баргард чоп кардан

Инфиҷор: Ҳаракати қатораҳо ба ҷануби Тоҷикистон бори дигар номумкин шуд

Шаби 16-уми ноябр дар минтақаи Ғалаба-Амузанги роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа таркиш ба вуқӯъ пайваста, роҳро валангор кардааст.


Дар ин бора расонаҳои ҳамсоякишвар иттилоъ медиҳанд. Бино ба навиштаи хабаргузориҳои Ӯзбакистон, мақомоти он кишвар инфиҷорро амали террористӣ унвон кардаанд. Гуфта мешавад, Ӯзбакистон комиссияи давлатие таъсис додааст, ки вазифааш муайян кардани сабаб ва шароити ҷиноят аст.

Маврид ба ёдоварист, аз ин роҳи оҳан танҳо қатораҳои самти Тоҷикистон ҳаракат мекунанд ва зимнан, 17-уми ноябр Хадамоти роҳи оҳани Русия эълон кард, ки фурӯши билетро ба қаторҳои самти Ғалаба-Амузанг муваққатан қатъ мекунад. Солҳои 2009-2010 Ӯзбакистон эълон карда буд, ки қитъаи Ғалаба-Амузанг бар асари селоба тахриб шудааст ва бо ин сабаб наздики як сол қатораҳои самти Тоҷикистон, ки масолеҳи сохтмонӣ барои нерӯгоҳи «Роғун»-ро мекашонданд, иҷозаи ҳаракат наёфтанд. Дар натиҷа, ҳамон вақт беш аз 3000 вагони Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон дармонд.