баргард чоп кардан

Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон дар тамрини таълими ширкат мекунанд

Дар шаҳри Душанбе барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тренинг баргузор мешавад.


Тибқи иттилои расида, ин тамрини таълимӣ аз 21 то 25 ноябри соли 2011 идома карда, онро Институти «Ҷамъияти  Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дафтари душанбегии САҲА, сафорати Британия ва бо ҳамдастии СҶ «Нота Бенне» доир менамоянд.

Гуфтанист, тренинг ба масоили ҳуқуқи инсон ва чӣ тавр гузаронидани мониторинг оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида бахшида мешавад. Барои гузаронидани тренинг коршиносони Бунёди Хелсинкий оид ба ҳуқуқи инсон (Варшава, Полша) ва коршиносони маҳаллӣ даъват шудаанд. Пас аз тренинги мазкур созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон риояи ҳуқуқи инсонро дар муассисаҳои пӯшидаву нимошкорои ҷумҳурӣ аз қабили муассиссаҳои рӯҳӣ, хонаҳои кӯдакон, колонияҳои ноболиғон, қисмҳои ҳарбӣ, колонияҳои ислоҳотӣ мониторинг мекунанд.