баргард чоп кардан

Дар ҳамлаи маргбор ба муҳоҷири 17-солаи тоҷик 4 навраси рус муттаҳам мешавад

Пулиси ноҳияи Красногвардейски Санкт-Петербург бо иттиҳоми ҳамла ба як шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон чор наврас, бо шумули як духтарро боздошт кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, ин наврасони 15-18-сола шаби 2 ба 3 август дар кӯчаи Ленск дар ҳоле ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла кардаанд, ки ӯ ба мағоза меомадааст. Дар пайи захмҳои бардошта аз зарби корд ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расидааст.