баргард чоп кардан

Боздошти ҷавони тоҷик, ки аз ошёнаи 6-и боздоштгоҳ фирор карда буд

Пулиси шаҳри Санкт–Петербург аз боздошти Мавлавӣ Раҷабов, як ҷавони 20-солаи тоҷик хабар медиҳад, ки ҳамроҳ бо ду шаҳрванди Узбакистон аз боздоштгоҳ фирор карда буд.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, Мавлавӣ Раҷабов баъди се моҳи ҷустуҷӯ субҳи 3 август дар кӯчаи Рузов дастгир шудааст. Кофтукоби шаҳрвандони Узбакистон -- Дилшон Ҳайдарови 22-сола ва Мадирҷон Ибодуллоеви 19-сола идома дорад.

Қаблан Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфта буданд, 9 майи соли 2016 тақрибан соати 15:00, 2 шаҳрванди Узбакистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон аз ошёнаи 6-уми Маркази нигаҳдории хориҷиҳо дар Санкт-Петербург фирор кардаанд. Ба иттилои манбаъ, Мавлавӣ Раҷабов ва ҳамроҳонаш панҷараи тирезаро бурида, бо ресмоне, ки аз рӯйпӯши курпа омода кардаанд, аз ошёнаи 6 поин шуда, фирор намудаанд.