баргард чоп кардан

Футбол: «Равшан»-и Кӯлоб ҳамоно пешсафи мусобиқа аст

Бозиҳои охирини даври 41-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.


Тибқи иттилои ФФТ ин навбат дастаи «Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахт бо тими “Гвардия”-и Душанбе рақобат намуда, бо ҳисоби калони 5 бар 0 ғолиб омад. Дар бозии дигар, дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ аз тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 2:3 бозиро бохт.

Ҳамчунин, як бозии даври 42-юми мусобиқот дирӯз дар варзишгоҳи “Политехникум”-и Душанбе миёни дастаҳои ССКА “Помир” ва “Вахш” бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Се бозии дигари даври 42-юм имрӯз, имрӯз баргузор хоҳад шуд. Дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе дастаи мизбон - “Истиқлол” бо “Парвоз”, дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода “Регар-ТадАЗ” бо “Гвардия” ва дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и Ҳисор “Шодмон” бо “Хуҷанд” қувваозмоӣ  хоҳанд кард. Оғози бозиҳо – соати 14.00.
Дар бозии даври 42-юм дастаи мизбон - “Равшан”-и Кӯлоб ба иллати аз мусобиқот даст кашидани ҳарифаш дастаи  “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби техникӣ 3 бар 0 ғолиб дониста шуд. Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Равшан”-и Кӯлоб бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 73 имтиёз аз 31 бозӣ дар зинаи дуюм мебошад. Дастаи “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 26 бозӣ кардааст, бо 68 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад.