баргард чоп кардан

132 нафар соҳиби ҷойи кор гаштанд

Ярмаркаи навбатии ҷойҳои холии кор дар Душанбе сурат пазируфт.

Ин чорабинӣ бо ташаббуси сарраёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва  кумитаи кор бо занон дар маркази фарҳангии ҷавонон мавсум ба “Ориёно” баргузор гардид. Тавре масъулини ин чорабини ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар ин ярмарка 40 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок карда, 1971 ҷойи кор ба корҷӯён пешниҳод карданд. Дар ярмаркаи мазкур ба 132 нафар  барои  кор ва 83 нафар  барои  омӯзиши  касбҳо  роҳхат дода шуд. Дар ҷараёни чорабинӣ ҳудуди беш аз 900 нафар шаҳрвандон, ки ҷойи кори нав мекофтанд, ширкат варзиданд.