“Коса”-и коргардони тоҷик ба ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ меравад
Як филми тоҷикӣ ба Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон роҳ ёфтааст.
Аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, филми кутоҳмуддати “Коса”-и “Суғдсинамо” дар қатори 60 филм барои намоиш дар фестивали мазкур баргузида шудааст. Мубтакирони ҷашнвора ин 60 филмро, ки аз 33 кишвари дунё намояндагӣ мекунанд, аз миёни 700 филм интихоб кардаанд.
“Коса” дар коргардонии Муҳиддини Музаффар соли 2015 аз сӯи Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” таҳия шудааст. Осими Орифпур, директори филм ба “Озодагон” гуфт, ин филм аз 25 дақиқа иборат буда, дар бораи эҳтироми падар ва гардиши фалак қисса мекунад
12-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонӣ аз 5 то 11 сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Русия баргузор мешавад.