баргард чоп кардан

Ҳалокати 2 нафар бар асари ду садамаи нақлиётӣ

Садамаи нақлиётӣ дар Файзобод боис ба марги як ноболиғ шуд, ҳамчунин дар шаҳри Турсунзода як ронандаи 46-сола ҷони худро аз даст додаст.


Тавре аз раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба «Озодагон» иттилоъ доданд, шоми дирӯз дар ноҳияи Файзобод тахминан соати 18:30 ронандаи автомашинаи «Чанху» Исломиддин Муродови 29- сола аснои ҳаракат дар километри 21-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол бехатарии харакати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ Шукрулло Бадалови 5 соларо пахш мекнад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар касалхона ба ҳалокат мерасад.

Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 16:30 дар шаҳри Турсунзода ронандаи атомашинаи тамғаи «ДЕУ Тико» Мавҷуда Қурбоноваи 46 -сола ҳангоми ҳаракат дар километри 46-ми роҳи Душанбе-Турсунзода муқобили самти ҳаракат баромада, ба воситаи нақлиёти тамғаи «ВАЗ 21 06», ки таҳти идораи Азимҷон Сангинови 18- сола ҳаракат мекард,  бармехӯрад. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЕУ Тико» Мавҷуда Қурбонова ҷароҳати сахти ҷисмонӣ гирифта дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 5 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваста, 2 нафар ба ҳалокат расида, 3 тани дигар дар беморхона бистари гардидаанд.