Эълони БДА барои маҳдуд шудани ҳаракат дар хиёбони марказӣ
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кард, аз 19 август то 8 сентябр дар як қатор кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад.
Ин ниҳод далели ин тасмимро омодагиҳо ба таҷлили 25-солагии истиқлолияти давлатӣ ва тайёрӣ ба гузашти низомӣ гуфта, таъкид мекунад, дар ин давом ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 18:00 то 22:00 дар хиёбони Рӯдакӣ аз Фурӯшгоҳи марказӣ, бо майдони Дӯстӣ, то чорроҳаи Рӯдакӣ-Бухоро маҳдуд мешавад.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ аз тамоми ронандаҳои воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардаааст, реҷаи зикргардидаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.