Модар шудани 5 ноболиғ дар шимоли Тоҷикистон
Шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд аз 5 ҳолати таваллуд кардани духтарони ноболиғ хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, давоми шаш моҳи соли 2016 дар қаламрави вилоят 5 ҳолати модар шудани духтарони ноболиғ сабт гардидааст. Манбаъ афзуд, ин ҳолатҳо дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба қайд расидаанд.