баргард
чоп кардан
Бӯйи қурутобу пиёз ва “дискотека” дар биноҳои маскунии Душанбе қонунист?
Мушоҳидагари “Озодагон” ин ҳафта дар пайи як мактуби шоири маъруф Ато Мирхоҷа (бо ҷамъе аз сокинони кӯчаи И. Сомонӣ 57), ки унвонии раиси шаҳри Душанбе навишта шудааст, ба мушоҳидаи шаҳр пардохт.
Сокинони кӯчаи Исмоили Сомонӣ дар ин мактуби худ аз будани ду ошхона дар дохили бинои маскуниашон ва эҷоди дардисарҳо бар пайи онҳо ба раиси шаҳр шикоят бурдаанд. Зимнан, бояд бигӯям, ки ин мактуб дар саҳфаи расмии Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук кошта шуда буд, вале ҳоло мавҷуд нест. Ба назар мерасад, шаҳрдори Душанбе ин мактубро аз саҳфааш “удалит” карда бошад.
Дар ин нома аз вуҷуди ошхонаҳои “Афродита” ва “Қараболо” дар дохили бино ва нороҳатиҳо дар пайи он чунин навишта шуда буд: “Гап дар сари он аст, ки бинои хрушёвии мо ба сабаби ҳаҷман хурд ва тунук будани пӯшиши шифту фарш ва деворҳои байниашон аслан барои ташкили ошхона мусоид нестанд. Вале дар замони беҳокимиятӣ шахсони алоҳида дар ин бино ошхонаҳо ташкил карда, боиси нороҳат гаштани зиндагии сокинони он гардиданд. Дар гирду атроф ва даруни ошхонаҳои мазкур то соатҳои 22-23 мардуми бисёр равуову ғавғо карда, ба оромии шабонаи сокинон халал мерасонанд. Бӯйи равғани доғ, пиёзу хӯрок ба хонаҳо даромада, дили маскунонро беҳузур месозад. Ошхонаи “Қараболо” дар як хонаи дуҳуҷрагии танг ҷойгир шудааст, ки ҷойи пухту паз ва қабули мизоҷонаш тамоман ба қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ҷавоб намедиҳад. Бӯю тафи газ ва хӯрокҳои он ба гирду атроф ва хонаҳои ҳамшафат паҳн мегардад, кормандонаш аз надоштани ҷой картошкаву пиёз ва сабзиро баъзан дар зинапояҳои подъезд пӯст мекунанд ва бо ин амалашон ҳам ба равуои сокинон халал мерасонанд, ҳам ба пайдо шудани пашшаву магас мусоидат мекунанд. Аз бисёрии пашша, магас ва дигар ҳашарот кас гумон мекунад, ки на дар кӯчаи марказии пойтахти Тоҷикистон, балки дар назди ягон оғилхона зиндагӣ менамояд. Туалети хонаи қабати дуюми ошхонаи “Қараболо” ба мабрази истифодаи умум табдил дода шудааст. Ба ин туалет дар як рӯз то сад нафар даромада, ҳоҷаташонро мебароранд. Аз бӯйи бади лӯлаҳои он шабҳо нафасгир мешавем. Бар замми ин, даруну беруни ошхонаҳо ба ҷойи доимии ҷамъшавии майзадаҳо табдил ёфта, мастони лояқил дар подъездҳо ва зинапояҳо ҳатто бавл мекунанд. Баъзеашон дар саҳни ҳавлӣ ё даруни подъезд мехобанд, ҷанг мекунанд, ҳақорату беодобӣ менамоянд, ки ба тарбияи кӯдакони мо таъсири манфӣ мегузорад”.
Нигарони сокинон аз ин буда, ки шаби 7 август дар ошхонаи “Афродита” сӯхтор сар задааст ва агар ҳамсояҳо хабардор намешудаанд, эҳтимоли ҷон бохтани чандин нафар мавҷуд будааст. Ба гуфтаи сокинон, ин аввалин мактубашон ба унвони шаҳрдори Душанбе нест ва баъди ҳар навиштан барои замони кӯтоҳе ин ошхонаҳоро мебастаанду боз “ҳамон Аҳмади порина”.
Дар ин мактуб як нуктаи зариф вуҷуд дорад, ки моро ҳам барои мушоҳидаи вазъ кашонд: “Дар даруни бинои истиқоматӣ ташкили ошхона ғайриқонунист”.
Мо ҳам ба дунбол ин нукта қисмате аз шаҳрро чарх задем ва дидем, ки дар Душанбеи азизи мо, дар қабати биноҳои маскунӣ чунин “ошхона”-ву “тарабхона”-ҳову “тезтайёр”-ҳои ба истилоҳ ғайриқонунӣ хеле бисёранд. Агар “Афродита” ва “Қараболо” ба қавли сокинони кӯчаи Исмоили Сомонӣ 57 дар замони беҳокимиятӣ ташкил шуда бошанд, ҳоло дар “замони барқарор будани ҳокмияти конститутсионӣ” (ибораи маъмули даврони ҷанги дохилӣ) чунин ошхонаву тарабхонаҳои бисёре сохта шудаанд.
Агар Шумо аз бозори ба истилоҳ “Зарнисор”-и “раҳматӣ” ҷониби маҳаллаи 82 раҳсипор шавед, мебинед, ки дар қабати аввали баъзе биноҳои навсохт ҳам чунин ошхонаву тарабхонаҳо кам нестанд. Дар қабати аввали биноҳои навсохте, ки дар раддаи тарабхонаи “Шаҳриёр” қарор доранд, чунин ошхонаҳо кам нестанд. Дар маҳаллаи 104 тӯйхона ва ё тарабхонаи “Валӣ” дар қабати аввали чунин як биност. Дар гардиши 104, дар сари роҳ, дар як бинои навсохт ҳам як ошхонаи шаборӯзӣ, ба қавли бачаҳои Душанбе “24-соата” мавҷуд аст. Агар аз маҳаллаи 82 ба тарафи Қарияи Боло майли сафар дошта бошед, ҳатман чашматон ба тарабхонаи “Сурхоб”, ки ба қавле “нимадискотека” ҳаст, бармехӯрад ва чун каме ҳаракат кунед дар биноҳои навсохти пушти сафорати Русия чандин тарабхонаву ошхонаҳо дар қабати аввали онҳо ҷойгиранд. Дар паҳлӯи ду ошхонаи “қаҳрамон”-и кӯчаи Исмоили Сомонӣ 57 боз чандин ошхонаҳои “тезтайёр” пайдо шудаанд, ки ба гуфти муаалифони нома аз беарзиш будани шикояти онҳо назди мақомот дарак медиҳад.
Дар яке аз биноҳои 16-қабати пеши Филармонияи давлатӣ ҳам тарабхонаи “Каёнуш” дар қабати аввал аст. Ошхонаи “Ҳамадонӣ” дар яке аз биноҳои чорқабатаи гирдгардиши маҳаллаи 32 ва аз ин гирдгардиш ба тарафи боғи Мироненко дар қабати аввали биноҳои куҳнаву навсохт чандин ошхонаву тарабхона мавҷуд аст. Аз ин гирдгардиш дар масири хатсайри 13 ба ҷониби маҳаллаи 33 ва ҳамин тур дар масири хатсайри мусофиркашони 19 то шаҳракҳои Гипрозем ва Низомиён чунин ошхонаҳо кам нестанд. Аз ҷумла ошхонаи маъруфи “Марди Худо”, ошхонаи “Фараҳноз” ва тарабхонаи “Ненси” дар яке аз биноҳои сарироҳии шаҳраки Гипрозем паҳлӯи ҳам қарор доранд. Дар маҳаллаи Гулистон, дар қабати аввали биноҳои маскунии баъди Додгоҳи олӣ камобеш 5 тарабхонаву ошхона мавҷуд аст. Дар биноҳои муқобил аз сӯйи дигари роҳ чунин ошхонаҳо кам нестанд. Дар хиёбони Айнӣ сар аз “Танка” то маҳаллаи 9 км чунин ошхонаву тарабхонаҳо хеле зиёданд. Дар биноҳои маскуни атрофи бозори Шоҳмансур, чунин ошхонаҳо аз “қадимулайём” вуҷуд доранд. Баъди чарх задани қисме аз шаҳр мо иктифо кардем, зеро зарурати гаштугузори акнофу атрофи дигари шаҳр лозим набуд, зеро ин ҷо “як гул нишонаи баҳор аст”.
Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки чунин ошхонаҳо дар ҳама ҳолат боиси озори сокинони биноҳои маскунӣ мешудаанд. Сокинон аз бӯйи равғану пиёз ва садои мусиқие, ки то посе аз шаб онҳоро норҳат мекунад шикоят менамоянд. Хусусан сокинон аз ташкили “Қурутобхонаҳо” ва бӯйи димоғгири равғани зағир сахт нигарону нороҳатанд. Вуҷуди чунин теъдоди зиёди ошхонаву тарабхонаҳо дар қабати аввал ва дохили биноҳои маскунӣ моро ба ин нукта, ки ташкили онҳо дар чунин макон ғайриқонунист, водошт. Агар ташкили инчунин “...хона”-ҳо ғайриқонунӣ бошад, пас агар қонунӣ мебуд, теъдоди онҳо ба чанд мерасид?!
Сокинони кӯчаи Исмоили Сомонӣ 57 дар мактубашон навиштаанд, ки комиссияи вижаи шаҳрдорӣ ба онҳо гуфтааст, ташкили ошхонаву тарабхона дар чунин маконҳо мамнӯъ мебошад. Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки сокинони чунин биноҳо аз ин гуна “...хонаҳо” “алам”-и бисёре доранд, вале шикоятро як кори беҳуда медонанд. Намояндаҳои ҳукумати шаҳр мегуфтаанд, ки фикри “дастгирии соҳибкорон”-ро ҳам бояд кард. Дуруст, аммо агар соҳибкорро дастгирӣ кунему сокинонро не, магар мантиқи шаҳрдориву шаҳрнишинӣ дучори халал намешавад?! Хулоса, ин мавзуъ ба пайгирӣ, мушоҳида ва таҳлили бештар ниёз дорад...
Мушоҳидагари “Озодагон”