Сокини шаҳри Душанбе дар куштори ҳамсояаш муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштор як сокини 26-солаи шаҳри Душанберо боздошт кардааст.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, дастгиршуда соати 20:30-и рӯзи 19 август дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт бо ҳамсояаш марди 24-сола ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ се маротиба ба узвҳои баданаш задааст: “Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати далели мазкур бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.