Нобинои панҷсола Қуръони Каримро ҳифз кардааст
Як кӯдаки панҷсола аз Арабистони Саудӣ китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръони Каримро ба таври комил ҳифз кардааст.
Падари Ҳусейн гуфтааст, писараш, ки аз модар нобино ба дунё омадааст, тавассути радио Қуръонро азёд кардааст: “Ман барои фарзандам радио харидам ва онро дар мавҷе, ки шабонарӯз қироати Қуръонро пахш мекунад, дуруст кардам. Ҳатто тасаввур намекардам, ки ӯ метавонад тамоми матни Қуръонро азёд кунад. Ростӣ гап, намедонистам, ки ба азёдкардани Қуръон машғул аст”.
Ба иттилои расонаҳо, хонаводаи Ҳусейн аз Ҷидда ба Мадина ҳиҷрат мекунад ва ӯ аз падараш хоҳиш мекунад, ки вайро ба масҷиди Пайғомбар бубарад. Падари Ҳусейн мегӯяд, агар ояти Қуръонро азёд кунад, ин хоҳишашро иҷро мекунад. Баъдан Ҳусейн тамоми сураи “Бақара”-ро қироат мекунад. Вақте ӯро ба ҳузури донишмандон мебаранд, маълум мешавад, тамоми Қуръонро азёд медонад.