Мақомот: Нафари дар Озарбойҷон боздоштшуда аз Ҳисор аст (ВИДЕО)
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошти як шаҳрванди 31-солаи кишварро бо миқдори зиёди маводи мухаддир дар Озарбойҷон тасдиқ карданд.
Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, Муҳаммадҷон Исмоилов, ки бо иттиҳоми интиқоли беш аз 141 кг ҳероин боздошт шуд, сокини шаҳраки Қалъаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор мебошад.
Ҳафтаи гузашта Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон гуфт, дар Нуқтаи назорати гумрукии воқеъ дар марзи ин кишвар бо Эрон як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардааст. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми назорати дастгоҳи рентгенӣ аз махфигоҳи боркаши “DAF” (рақами қайди давлатиаш GP6925/N6775), таҳти идораи Муҳаммадҷон Исмоилов 141 килову 156 грамм ҳероин ёфт шуд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар бозпурсиҳои муқаддамотӣ гуфтааст, қасди ба Гурҷистон гузаштанро дошт.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯяд, “Муҳаммадҷон Исмоилов се моҳ пеш аз Тоҷикистон ба Эрон рафта, он ҷо дар яке аз ширкатҳои байналмилалии автомобилӣ ба кор даромадааст. Дар Эрон маводи мухаддир ба даст оварда, мехостааст онро дар берун аз он кишвар фурӯшад, аммо дар Озарбойҷон дастгир мешавад”.