Иршод СУЛАЙМОНӢ
Тоҷикистон, ки ҳамеша дар ҷангҳои иттилоотӣ мағлуб шудааст ва дар шароите, ки минтақа ба майдони бархурдҳои шадиди бозиҳои қудратҳо дорад табдил меёбад, набояд даст ба тазъифи расонаҳои миллӣ бизанад. Заъиф кардани расонаҳои миллӣ дар ҳеч сурат ба нафъи ҳукумати феълӣ нест.
Аз чанде пештар ният доштам, ки дар ин маврид матлабе бинависам. Қарори 280-и Ҳукумати Тоҷикистон баҳонаи хубе барои изҳори назар дар ин маврид шуд. Бар асоси ин қарор Кумитаи телевизион ва радио аз салоҳияте бархурдор мешавад, ки ҳаққи танзими матолиби шабакаҳои давлативу ғайридавлатии радио ва телевизионро пайдо кунад.
Ибтидо бояд гуфт, ки ин кор хилоф ба Қонуни Асосии кишвар ва қонунҳои марбут ба расонаҳо мебошад. Зеро дар кишвари мо мабнӣ бар қонуни Асосӣ ва қонунҳои дигари соҳавӣ сонсур (сензура) мамнӯъ мебошад. Вале салоҳияте, ки ба Кумитаи телевизион ва радио дода мешавад, чизе ҷуз сонсур нест. Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” мафҳуми сонсурро аз нигоҳи ҳуқуқӣ чунин ташреҳ кардааст: “сензура - аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, аз редаксияи воситаи ахбори омма талаб намудани мувофиқаи пешакии мавод ё маълумоти интишоршаванда”.
Додани ҳаққи танзими матолиби шабакаҳои родиёву телевизион ба Кумитаи телевизион ва радио магар дахолати давлат дар кору эҷоди расонаҳо нест? Вале ҳоло баҳси мо сари қарори 280 нест, балки бар сари ҳадафҳои пазируфтани ин қарор ва дигар тадобирест, ки дар умури расонаҳо андешидаву пазируфта шудаанд ва аз назари мо ба тазъифи расонаҳои миллӣ сабаб гардидаанд.
Дар чанд соли ахир ҳукумат мехоҳад назорати қобили мулоҳизаеро бар расонаҳо: чӣ давлатӣ ва чӣ мустақил дошта бошад. Ин кор барои он карда мешавад, ки дар ҳолатҳои лозим ҳукумат битавонад худро аз фишори иттилоотии расонаҳои дохилӣ ҳимоят кунад ва бо ин роҳ умри худро тамдид кунад. Бар пайи ин ҳукумат ба дунболи судури қарор, пазируфтани чора ва тадобире шуд, ки натанҳо дасти назорати ҳукуматро дароз карданд, балки боис ба тазъифи расонаҳои миллӣ шуд. Барои дастёбӣ ба ин аҳдоф тағйироти лозим ҳам дар қонунҳои соҳа ворид гардид. Дар баробари ҳамин қарори 280, ҳамчунин додани ҳаққи истисноӣ ва аввалия барои пахши ахбори давлатӣ ба АМИТ “Ховар” дар соли гузашта низ, аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳо буд. Вале бояд гуфт, ки дар ҳар ҳолат ва таҳти ҳеч гуна шароите заъиф кардани расонаҳои миллӣ бар нафъи ҳукумат нест ва ҳукумат набояд даст ба чунин иқдом бизанад, дар ҳоле ки задааст. Зеро доштани расонаҳои неруманд ва ҳирфаӣ дар замони мо, ки ҷомеаи иттилоотӣ ном дорад, яке аз нишонаҳои қудрат ва ҳифзи манфиатҳои миллист. Тоҷикистон аз зарфиятҳои лозими иттилоотӣ бархурдор нест. Ҳам аз нигоҳи геополитикӣ ва ҳам аз нигоҳи ҷуғрофиёӣ ва иртибототӣ дар бунбаст ва инзиво қарор гирифтааст. Аз сӯйи дигар дар ҳавзаи тамаддунию фарҳангие қарор дорад, ки танҳо кишвари форсзабон аст. Кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ кишварҳои туркзабонанд ва навобаста аз сиёсатгузориҳояшон аҳдофи муштаракеро дунбол мекунанд. Кишварҳои ҳамзабони мо яке гирифтори ҳазор мушкил асту бо дигар муносиботи мо ҳамеша дар сатҳи “гургакоштӣ” буда. Аз ҷониби дигар расонаҳои Тоҷикистон аз нигоҳи касбӣ ва доштани имконоти фанниву иртибототӣ дар минтақа аз ҳама ақибмондатаранд. Озодии баёне, ки ҳам дар солҳои қабл боиси ифтихор буд, дар ин авохир бар асари инҳисори ҳокимияти сиёсӣ қурбони ташнагии қудрат шуд.
Аз сӯйи дигар Тоҷикистон дар инзивои қудратҳои иттилоотие чун Русия, Чин ва Эрон қарор гирифта аст ва аз нигоҳи зарфиятӣ ҳеч имкони муқобала ва муборизаи иттилоотиро бо ин кишварҳо надорад. Аз ҳама беш Тоҷикистон дар зери фишори иттилоотӣ ва ба гуфтаи Вазорати хориҷаи ИМА таҳти “мошини тарғиботӣ”-и Русия қарор дорад. Шӯрбахтона дар ҳама мубориза ва ҷангҳои иттилоотӣ бо Русия Тоҷикистон мағлуб будааст. Ҳато чанд сол пеш зери таъсири фишори иттилоотӣ ва “мошини тарғиботӣ”-и Русия Ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд, ки мустақилияти низоми додгоҳии кишварро зери савол бибарад ва ғайриқонунӣ халабонҳои маҳбусро бар хилофи ҳукми додгоҳ раҳо кунад. Мо дар ҳолатҳои бисёре шоҳид будаем, ки зери фишори иттилоотии Русия ҳукумат дар Тоҷикистон маҷбур шудааст аз иқдомоти сиёсӣ ва давлатии худ даст бикашад.
Аз сӯйи дигар қудратҳои иттилотии дигаре назири ИМА ва Олмон таъсири лозимеро дар фазои иттилоотии кишвари мо доранд. Дар чунин вазъияти ҳасос Тоҷикистон ниёз ба расонаҳои неруманд ва муқтадири давлативу мустақил дорад. Мутаассифона, ба хотири он ки ҳукуматро аз интиқоди расонаҳо ҳимоят кунанд ва ҳамчунин бар асари таъқиби озодандешону рӯзноманигорони ҳирфаӣ ва ҳамчунин эҷоди фазои номусоиди рақобатҳои сиёсӣ, расонаҳои миллӣ (расонаҳои мустақил) заъиф карда шуданд ва имкони муқобала ва ҳимояти онҳо аз манофеи миллӣ дар баробари фишори иттилоотии расонаҳои хориҷӣ хеле ночиз карда шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумат бояд худ моил бошад, ки расонаҳои миллиро тақвия ва ёрмандӣ кунад, то дар ҷангҳои иттилоотӣ соҳиби нуфуз ва ҳарфи худ бишаванд. Дар ҷомеаи итилотии донишбунёд доштани расонаҳои миллии неруманду таъсиргузор орзуи ҳар кишварест.
Дар таҷрибаи расонаҳои миллӣ борҳо собит шудааст, ки дар ҷангҳои иттилоотӣ расонаҳои мустақил ҳамеша аз мавқеи ҳукумат ҳимоят кардаанд. Дар муносибати сарди Тоҷикистону Узбакистон дар соли 2010, ҳимояти аз пружаи Роғун ва чандин пружаҳои миллӣ расонаҳои мустақил аз расонаҳои давлатӣ дида, бештар аз ҳукумат ва манофеи миллӣ ҳимоят намуданд. Дар чандин мавридҳои муборизаи иттилоотӣ бо Русия ҳам расонаҳои мустақил асосан аз ҳукумат пуштибонӣ карданд. Ин таҷрибаи бисёр нодир аст, ки расонаҳои мустақил бидуни ин ки пуштибонии молиявӣ ва ҳар навъи дигари пуштибоние аз ҳукумат бибинанд, онро ҳимоят мекунанд. Худи ҳамин сафари ахири рӯзноманигори тоҷикбадбини рӯзномаи “Комсомолское правда” Сергей Пономорёв ва матлаби пурсарусадои ӯ нишон дод, ки ҳукумати мо дар умури расонаҳо бештар бояд ба кӣ такя кунад.
Чун баъди Ховари Миёна минтақаи дигари бархӯрди қудратҳо Осиёи Марказист, Тоҷикистон ниёзмандии бештаре ба расонаҳои муқтадири миллӣ дорад. Зеро дар ин ҷо фазосозӣ ва муборизаҳои шадиди иттилоотӣ сурат мегирад. Барои Тоҷикистон бисёр айб аст, ки ҳанӯз ҳукумат имкон надода ва ё шароите фароҳам наоварда, ки расонаҳои миллӣ дар майдони иттилоотӣ фазосоз бошанд ва ва хатти маши иттилоотиро дар ин кишвар расонаҳои хориҷӣ мекашанд.
Бахши идеологии ҳукумат ба ҷойи ин ки заъфи худро эътироф кунанд, барои рӯйпӯш кардани ҳамин нокороии худ тарҷеҳ додаанд, ки набояд расонаҳоии миллии мо ниҳодина шаванд ва дар майдони иттилоотӣ фазосоз бошанд. Дар кишвари мо, интиқоди расонаҳо аз ҳукумат ва ифшокории онҳо аз нокороии мансабдорону раҳбарон ба маънои мухолифат бо низом ва душманӣ бо давлату миллат талаққӣ мешавад, ки ин хатарноктарин амал ва пиндор барои давлатдории миллӣ ва миллатсозии мо мебошад. Бо ҳамин баҳонаҳо садди чиние дар роҳи рушд ва ниҳодина шудани расонаҳои миллӣ (расонаҳои мустақил) гузошта мешавад. Аз ҷониби дигар расонаҳои давлатӣ таъсири бисёр ночизе дар фазои иттилоотӣ доранд. Ҷойи бархӯрдор шудан аз ҷойгоҳи муассире дар фазои иттилотти кишвар ва минтақа, раҳбарони ин расонаҳо ба осонтарин кор – мадҳу санои роҳбарони кишвар ва мансабдорон табдил ёфтаанд ва дар талоши ҳирфаӣ кардани худ нестанд. Бо ин гуна амалкардҳо низоми расонаии кишвар ба таври хеле дағалона халалдор шудааст.
Телевизион, ки дар фазои иттилоотӣ ва муборизаҳои расонаии ҳар кишвар ҳарфи аввалро мезанад, дар кишвари мо натанҳо муассир нест, балки расонаи хеле қафомонда аст. Ин ҳам дар шароите, ки дар Тоҷикистон ҳукумат соҳаи телевизионро дар инҳисори худ қарор додааст. Ва агар Тоҷикистон як шабакаи мустақили телевизионии сатҳи кишвар (ҷумҳуриявӣ) дошта бошад, фикр мекунам теъдоди бинандаҳои шабакаҳои давлатӣ хеле кам мешавад. Кумитаи телевизион ва радио бо истифода аз ин имкони монополии худ даромадҳои ҳангуфтеро аз ҳисоби рекломдиҳандаҳои телевизион соҳиб мешавад, вале амалан дар ҷангҳои иттилоотӣ нақше дошта наметавонад. Ҳатто ниёзи муқаррарии бинандаи тоҷикро ба ахбори дасти аввал ва беғразонаву шаффоф таъмин карда наметавонад. Ҳоло он ки барои ин кор қонунан вазифадор мебошад (хонандаи азиз, таҳлили низоми расонаии кишвар ва ташхис додани зарфият ва таъсири расонаҳои давлативу мустақил аз ҷониби моро набояд ба маънои ҷудо кардани расонаҳои давлативу мустақил аз якдигар бифаҳмад). Ин аст, ки болои бомҳои кишвар пур аз мавҷгирҳои пороболӣ аст. Ба ин манзур, шароити мавҷуд ва эҳтимолияти печида шудани авзоъи минтақа зарурат пеш овардааст, ки ҳукумат набояд даст ба тазъифи расонаҳои миллӣ бизанад, балки бояд дар муколама ва ҳамкории танготанг бо онҳо қарор бигирад.
Моноидеологӣ кардани расонаҳо ва таҳти назорат ва танзими мақомоти марбутаи давлат қарор додани фаъолияти расонаҳо ба манзури ҳифзи ҳукумати иҷроия боис ба шикастан ва заъиф кардани расонаҳои мустақили миллӣ мешавад. Ин кор дар шароите карда мешавад, ки ҳукумат талоше барои муқтадир кардани расонаҳои давлатӣ намекунад. Ҳарчанд, ки таҷрибаи неруманд кардани расонаҳои давлатӣ дар бештари маврид ба нокомӣ меанҷомад.
Донишмандон ва коршиносони соҳа медонанд, ки заминаи аввалини ниҳодину шудани расонаҳои миллӣ ба даст овардани эътимоди аудитория мебошад. Эътимоди аудитория дар заминаи бархурди мунсифона, ҳақиқатгарона бо ҳаводис ва рухдодҳо ба даст меояд. Агар расона натавонад муҳимтарин ҳодисаҳоро пӯшиши бидиҳад, ҳеч гоҳ наметавонад ба як расонаи таъсиргузор ва неруманд табдил шавад. Ҳамчунин дар таҷрибаи ҷаҳонии расонаҳо муваффақтарин расона онҳое ҳастанд, ки дар пӯшиш, таҳлил ва арзёбии ахбори сиёсӣ ва амалкардҳои ҳукуматҳо пешдастӣ доранд. Дар Тоҷикситон ба рушди ин бахши аслӣ ва асосии фаъолияти расонаҳо имкон дода намешавад. Ҳамин аст, ки мо расонаи таъсиргузоре дар дохили кишвар надорем. Ин ҳам дар ҳоле, ки мо бояд як расонаи неруманд дар сатҳи минтақаро дошта бошем, ки битавонад барои ҳайсияти Тоҷикистон ҷойи по бисозад. Коре, ки шабакаи радиои “Овози тоҷик” бояд бикунад ё ба дӯши ин шабака гузошта шудааст. Ин шабакаи дар дохил шунавандае надорад, чӣ расад ба ҷойипосозии он дар сатҳи минтақа. Ҳамин аст, ки надоштани расонаҳои неруманд ва ё ҳамон тазъифи расонаҳои миллӣ як иштибоҳи роҳбурдӣ ва ҷуброннопазир аст.
Аз нигоҳи мо, дар ҳоли ҳозир ҷойи тазъифи расонаҳои мустақили миллӣ зарур аст, ки ҳукумат барои пайдо кардани имунитети лозим дар ҷангҳо ва муборизаҳои иттилоотӣ дар бахши расонаҳо чунин иқдомотро роҳандозӣ кунад:
1. Пеш аз ҳама даст аз тазъифи расонаҳои мустақили миллӣ бардорад ва шароити мусоидеро барои рушд ва ниҳодина кардани расонаҳои миллӣ биофарад;
2. Дар талоши дастгирӣ ва ёрмандии молиявию маънавии расонаҳои миллӣ бошад ва ҳамасола дар будҷаи кишвар як маблағи қобили мулоҳизаеро барои дастгирии расонаҳои миллӣ пешбинӣ кунад;
3. Бояд тамоми талошҳои қонунӣ ва ёрмандиҳои лозим анҷом шавад, ки нақши фазосозӣ аз расонаи хориҷӣ ба расонаҳои миллӣ бигзарад;
4. Низоми телевизионӣ бояд аз инҳисори ғайрирасмӣ раҳо шавад ва бояд як телевизиони нимадавлатии нимамустақиле бо сармоягузориҳои муштараки давлат ва бахши хусусӣ ташкил шавад, ки битавонад фаъолияти муассир дошта бошад.
5. Аз фаъолиятҳои классикии шабакаҳои радиоии давлатӣ даст бикашад ва ҳамин тур масрафоти ҳангуфти ин бахшро барои тақвияи расонаҳи дигар сарф кунад ё фаъолияти он радиоҳоро таҷдиду бознигарӣ кунад;
6. Интиқоди расонаҳоро бояд барои такмили кори ҳукумат истифода кунад ва аз фаъолияти мадҳу саноии расонаҳои давлатӣ парҳез кунад ва ба ҳамин васила барои ташаккули рӯзноманигории ҳирфаӣ ва расонаҳои неруманд заминаву шароит фароҳам кунад;
7. Муносибати ҳукумат ва мақомоти давлат бо расонаҳо на ба маънои ҳимояи ҳукумат аз расонаҳо, балки бояд бар пояи асли шарикии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ шавад;
8. Бояд консепсияи давлат дар умури расонаҳо таҳия, афзудани зарфиятҳои иттилоотӣ ва имконоти расонаии кишвар коркард шавад.
Ҳамаи ин кор барои он лозим аст, ки ҳукумат набояд ба шароите бирасад, ки дар лаҳзаҳои ҳасосе аз қабили мубориза ва ҷангҳои иттилоотӣ худро танҳо эҳсос кунад ва ба расонаҳое, ки ҳамеша дар талоши заъиф карани онҳо буд, гарданкаҷ шавад. Балки фазое эҷод шавад, ки дар чунин ҳолот расонаҳо ба пуштибонии ҳукумат ва ҳимояи манфиатҳои давлат баланд шаванд.