баргард чоп кардан

Донишҷӯи тоҷик дар Саратов зери девор мондааст

Як ҷавони тоҷик дар Саратов зери девор монда ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора "ЧП-Саратов” хабар дода, гуфтааст, ин ҳодиса 28 август ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми таъмири девори анбори нигоҳдории ғалла он болояш чаппа шудааст. Ҳангоми аз зери девор берун кардани ӯ аз ҷайбаш билети донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Саратов ёфт шудааст. Ин билет соли сипаришуда ба ӯ дода шудааст. Аммо манбаъ ному насаби ин донишҷӯро ифшо накардааст.