баргард чоп кардан

Ҳуқуқдони тоҷик: Депорти ғайриқонунии муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфтааст (ВИДЕО)

Танҳо давоми 10 шабонарӯзи ахир аз шаҳри Маскав беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон депорт шудааст. Раҳбари созмони “ЭтМос” мегӯяд, ин рақам шояд хеле бештар бошад.

Каримҷон Ёров, раҳбари ин ҷамъияти тоҷикони Русия имрӯз, 31 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бино ба муроҷиатҳое, ки созмони онҳо дарёфт кард, танҳо дар пойтахти Русия зиёда аз 500 муҳоҷир ихроҷ шудаанд: “Ман теъдоди онҳоеро, ки ба ҷамъиятҳои дигари тоҷикон дар Маскав муроҷиат кардаанд, намедонам”.

Ёров мегӯяд, бештари муҳоҷирон ғайриқонунӣ депорт шудаанд. Ӯ гуфт, “ҳуҷҷатҳои 80 дарсади муҳоҷирони тоҷик мушкил надошт”.

Раҳбари созмони “ЭтМос” афзуд, як гуруҳи бузурги муҳоҷирон 19 август бо қарори Додгоҳи ноҳияи Лублино ихроҷ шудаанд: “Қарори ихроҷи 22 нафарро танҳо дар 5 дақиқа содир кардаанд, ки ба ягон меъёр рост намеояд. Муҳоҷирон на бо тарҷумон ва на бо адвокат таъмин нашудаанд. Аҷибаш ин буд, ки қарори додгоҳро дар бораи депорт шудани онҳо дар роҳрав тақсим кардаанд. Дар ҳоле, ки бояд суд онро дар толори додгоҳ қироат мекард”.

Каримҷон Ёров мегӯяд, аз ин 22 нафар танҳо ду кас ба зинаи болоии суд барои баррасии дубораи қарори додгоҳ муроҷиат кардааст.

ЯК БАХШ АЗ МУНОЗИРАИ КАРИМҶОН ЁРОВ БО МАСЪУЛИН ДАР БОРАИ ҚАРОРИ ДОДГОҲ



Раҳбари ҷамъияти тоҷикони Маскав мегӯяд, 26 август дар Додгоҳи Солёновскии Русия низ 20 тан аз муҳоҷирони тоҷик ғайриқонунӣ ихроҷ шудаанд: “Вақте ба додгоҳ рафта дархост кардем, ки чаро шаҳрвандони Тоҷикистонро беасос ихроҷ мекунед, корманди пулис аввал таҳдид кард. Гуфт, “это наш дом, свои права у себя дома качай”. Вақте ба сабт кардан шурӯъ кардам, дигар ягон ҳарф нагуфт”.

Ба иддаои Ёров, пулис ҳарчӣ бигӯяд, додгоҳ ҳамонро қабул мекунад. Ӯ муътақид аст, тамоми ҳукмҳои додгоҳ хеле пештар омода шудаанд. Аз ин рӯ баррасии парванда аз 5-15 дақиқа тӯл намекашад. “Баъди 5-15 дақиқа ҷавобаш тайёр, акнун фикр кунед, ки барои навиштани ду коғази формати “А4” камаш аз як дақиқа зиёд сарф мекунанд, ки ба мантиқ рост намеояд”,-афзуд вай.

Бино ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия бештар аз як миллионро ташкил медиҳад. Дар ду соли ахир як гуруҳ аз муҳоҷирон аз ҳаққи вуруд ба Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол маҳрум шуданд.