Дарси сулҳи Президент дар Данғара: Ҷанг аз масҷидҳо бо ташаббуси ҲНИТ сар шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1-уми сентябр дар пайи ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара соли нави таҳсилро аз дарси сулҳ оғоз намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташ бо донишомӯзон ва сокинони ноҳияи Данғара аз аҳамияти сулҳ суҳбат карда, ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро зикр намуд: “Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик, бахусус сокинони вилояти Хатлон аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд”.
Ӯ дар идома Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нахустин қадам сӯи хомӯш кардани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хонд: "Бо майлу ирода ва талаби мардум баргузор шудани Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин иқдоми наҷотбахш дар ин роҳ буд, ки як қатор масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ, аз ҷумла барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва қабули баъзе рамзҳои давлати соҳибистиқлолро ҳаллу фасл намуд. Баъди ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ музокирот барои истиқрори сулҳ оғоз гардида, қариб чор сол идома пайдо кард ва моҳи июни соли 1997 санади сулҳ ба имзо расид, ки он омили сарҷамъӣ, ваҳдат ва воситаи раҳоӣ аз вартаи парокандагӣ дар кишвар гардида, барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маориф замина фароҳам овард. Ҳукумати мамлакат дар сиёсати стратегии худ аз рӯзҳои аввали сулҳу оромӣ ва устувор гардидани ваҳдати миллӣ ба соҳаи илму маориф афзалияти бештар дод ва ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, бунёду навсозӣ, сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ шурӯъ намуд".
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри вазъи мураккаби ҷаҳони муосир аз хатарҳои нав ҳушдор дод: “Аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли гузашта, бахусус моҳҳои охир маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷиҳати аз нав тақсим кардани ҷаҳон, инчунин, шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар чандин кишварҳои исломӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву кишварҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст. Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дини мубини ислом ва хусусан, мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, ки мо пайравони он ҳастем, дини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад: “Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Вале мутаассифона, ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи террористиву экстремистӣ ҳамроҳ шудани иддае аз ҷавонон ва фирефтаи таъсири исломи радикалӣ ва тундрав гардидани қисми дигари онҳо боиси ташвиш мебошад. Аз рӯи маълумот садҳо нафар ҷавонони гумроҳу сустирода ва аз донишҳои муосир ноогоҳ ба сафи ин ҷангҷӯён ҳамроҳ шуда, қисми онҳо дар ҷангҳо кушта ва асир гардида, қурбони сиёсати гурӯҳҳои тундрав шудаанд. Бояд гуфт, ки ин тоифа одамон бо чунин кирдори нангини худ ба шаъну шарафи миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати тоҷикон иснод меоранд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардааст, ки корҳои таблиғотиро миёни ҷавонон пурзӯр созанд ва ҷиҳати гирифтани пеши роҳи амалҳои номатлуб ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд: “Мубориза ба муқобили ҳама гуна ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм ва гирифтани пеши роҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин нашъамандӣ яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумат дар шароити кунунӣ ба ҳисоб меравад”.
Тибқи иттилои раисиҷумҳур то ҳол беш аз 400 нафар ноболиғон ва ҷавонон даст ба ҷиноятҳои мухаддиротӣ зада, 260 нафар ҳангоми фурӯши маводи мухаддир дастгир гардидаанд.