“Престиж”-и мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон
Тайи 25 соли истиқлол шаҳвандони Тоҷикистон (манзур сокинони шаҳрҳо) мактабҳои русиро ба макотиби тоҷикӣ тарҷеҳ медиҳанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки талабгорони мактабҳои рӯсӣ нисбат ба мактабҳои тоҷикӣ бештар аст. Бахусус дар ду соли охир сафи довталабони мактабҳои русӣ дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ ба таври бесобиқа зиёд гардида аст. Дар синфҳои русии мактабҳои ҷумҳурӣ гуфта мешавад, ки миқдори талабаҳо аз аз 30 то 40 нафарро ташкил мекунад. Ба ин нигоҳ накарда, хоҳишмандони макотиби русӣ сол аз сол бештар мешаванд. Бо вуҷуди он ки тайи солҳои истиқлол литсей ва гимназияҳои зиёде дар ҷумҳурӣ бунёд ёфтаву ба рӯи талабаҳо дарашонро боз намуданд, аммо аксарияташон обурӯи мактабҳои оддии русиро ба даст оварда натавонистанд. Зикр бояд кард, ки ба гуфтаи бархе аз волидон роҳ ёфтан ба мактабҳои русӣ онқадар содаву осон ҳам нест.
Зимнан, то як соли пеш дар Тоҷикистон макотиби туркӣ низ аз маъруфтарин дабистонҳо шуморида мешуданд ва фарзандони ба истилоҳ элитаи тоҷик дар ин даргоҳ таҳсил менамуданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки макотиби туркӣ пулакӣ буда ва яке аз гаронтарин мактабҳо дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар кишвари мо расонаҳои давлатӣ бахусус телевизионҳо ҳамеша аз пешрафти маориф ва ислоҳоти соҳа тавсифу тамҷид менамоянд. Аммо шуҳрату маҳбубияти мактабҳои русӣ ва туркӣ бидуни таблиғоти расонаҳо аз он мегӯяд, ки ин ҳама тавсифҳо асоси воқеӣ надоранд. Ва худи инки аксари мансабдорон ва зиёиёне, ки доди миллатдӯстӣ ва ватанхоҳӣ мезананд, фарзандонашонро барои таҳсил ба макотиби русӣ мегузоранд, далели эътимод надоштанашон ба макотиби тоҷикӣ метавонад бошад. Оре, ин маънои онро дорад, ки макотиби тоҷикӣ талаботи эшонро қонеъ намекунад.
Волидон мегӯянд, ки дар макотиби русӣ пеш аз ҳама тартибу низом ба таври зарурӣ вуҷуд дорад. Агар рафту муаллиме бемор шавад ҳатман муаллими дигар ба ҷои ӯ дарсҳояшро мегузарад. Гузашта аз ин дар макотиби русӣ камтар ба зоҳири хонандагон аҳамият медиҳанд ва бештар ба донишандӯзӣ ва рафтори талабаҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, аксари хатмкардаҳои мактабҳои туркӣ ва русӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дохил мешаванд, яъне нисбати хатмкардаҳои мактабҳои тоҷикӣ ба маротиб зиёдтар.
Коршиносон мегӯянд, ки яке аз омилҳои таваҷҷуҳи бештари мардум ба мактабҳои русӣ пеш аз ҳама он аст, ки бовар доранд, дар ин макотиб дониши бештару хубтар мегиранд, дуввум имконоте, ки забони русӣ ба як хатмкардаи мактаб меорад нисбат ба забони тоҷикӣ ба маротиб зиёдтар аст, яъне хонанда тавассути забони русӣ ба илму фарҳанги ҷаҳони муосир шинос мегардад. Ҳатто миёни коршиносон чунин ақидае низ вуҷуд дорад, ки яке аз сабабҳои рӯ ба мактабҳои русӣ овардани волидон дар он аст, ки онҳо дар ҷумҳурӣ дурнамои хуберо намебинанд, ба ояндаи рӯшани кишвар эътимод надоранд. Онҳо аз роҳи мактабҳои русӣ мехоҳанд, ки ояндаи фарзандонашон дар хориҷи кишвар сохта шавад.
Коршиносони соҳа мегӯянд, ки мактабҳои тоҷикӣ аз хусуси китобҳои дарсӣ ва дастурҳои мектодӣ низ аз ҷаҳон хеле қафо мондаанд. Аксари китобҳои дарсӣ ҷавобгӯи замони муосир нест. Мактабҳои русӣ аз рӯи барномаҳои мактабҳои Русия (ҳарчанд аз рӯи барномаҳои куҳнаи Русия ҳам бошад) таълим дода мешаванд. Будани мактабҳои русӣ ва таваҷҷуҳи зиёди мардум ба онҳо дар назари сатҳӣ ҳеч бадие надорад. Ҳатто ба фоидаи кишвар ба назар мерасад, аммо агар жарфтар андеша намоем, дарк хоҳем кард, ки ҷои нигаронӣ дорад. Чаро? Шуҳрати макотиби рӯсӣ аз заъфи мактабҳои тоҷикӣ бармеояд. Яъне тамоми ҳисоботҳо ва ислоҳотҳо то имрӯз дар рӯи коғаз боқӣ мондаанд. Дар 25 соли истиқлол мо натавонистаем мактаберо ба вуҷуд орем, ки ҷавобгӯи замони муосир ва талаботи хонандагону волидон бошад.
Ғайр аз ин нуктае, ки касро водор ба андеша менамояд он аст, ки оё хатмкардагони мактабҳои русӣ дар руҳияи фарҳанг ва сунатҳои миллӣ тарбия мегиранду ба воя мерасанд ё хайр? Хонандае, ки адабиёти тоҷик нахондааст фардо метавонад аз арзишҳои миллӣ дифоъ кунад ва ҳуввияти тоҷикӣ дошта бошад?
Ва худи авло шуморидани мактабҳои русӣ ва омӯзиши забони русӣ барои тарк кардани Ватан ва мушкилоти беҳисобаш нест?
Ва магар ин роҳи дуруст аст?
Ва чанд 25-и дигар лозим аст, ки мо ба сохтани мактаби миллии дархури замон муваффақ шавем?
Бознашр аз ҳафтаномаи “Озодагон”