баргард чоп кардан

Китоби нави олими ҷавони тоҷик дар Олмон ба чоп расид

«Мавқеи матбуоти иттиҳодиявӣ дар журналистикаи муосири тоҷик».


Таҳти чунин унвон китоби олими ҷавон, номзади улуми филологӣ Илҳомҷон Ҳамидов дар шаҳри Саарбрюккени Олмон ба нашр расид.Устоди факултаи журналистикаи ДМТ, ки муаллифи асари мазкур аст, мегӯяд: «Китоби мазкур бо забони русӣ ва бо мусоидату сарпарастии интишороти байналмилалии «LAP Lambert Academic Publishing AG & Co. KG» чоп шуд.

Бояд гуфт, нашриёти мазкур  фаъолияти худро дар самти табъу нашри китобу асарҳои илмию оммавӣ ба роҳ мондааст ва пайваста адабиёти дорои аҳамияти илмиро ба дасти чоп медиҳад. «Мавқеи матбуоти иттиҳодиявӣ дар журналистикаи муосири тоҷик» панҷумин китоби Илҳомҷон Ҳамидов буда, аз 176 саҳифаи андозаи А4 иборат буда, дар муқоваи олӣ (суперобложка) чоп шудааст ва аз мағозаи электронии morebooks.de қобили дарёфт аст.