баргард чоп кардан

Масоили марбут ба муҳоҷирати беруна ва чолишҳои дар Душанбе баррасӣ шуд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо мушовири Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират Томас Ачакосо мулоқот кард.


Тибқи иттилои ВКХ, номбурда дар ҳошияи баргузории як ҳамойиши вижаи байналмилалӣ оид ба муҳоҷирон ба Душанбе ташриф овардааст

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳолати муҳоҷирати меҳнатии беруна, вазифаҳо ва роҳҳои ҳалли чолишҳои нав дар ин самт, мушкилоти сохторҳои институтсионалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои асосӣ доир ба ҳалли мушкилоти муҳоҷират, инчунин таҳлили пойгоҳи қонунгузорӣ ва аҳдномаҳои байналмилалӣ табодули назар намуданд.