Боздошти Музаффаров дар роҳ ба Сурия
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Музаффаров Диловар Нарзуллоевичро барои қасди пайвастан ба ДИИШ ба 6 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
Тавре аз Додситонии кулли Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Музаффаров аз соли 2007 то ҳол мунтазам ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтааст: “Бори охир моҳи декабри соли 2014 ба шаҳри Новосибирск рафта, бо шаҳрвандони Тоҷикистон-Абдураҳмонов С.Г. ва Ҷаъфаров А. А. шинос шудааст”.
Ба иттилои манбаъ бо ташвиқи шиносҳои нав Музаффаров барои ҷанг ба ҷонибдории созмони террористии “Давлати Исломӣ” қасди сафари Сурия кардааст: “Ӯ 4 майи соли 2016 тариқи хатсайри “Москва-Истанбул” нияти парвоз ба Туркияро доштааст, аммо дар фурудгоҳи “Внуково” аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дастгир гардида, ба Тоҷикистон баргардонда шудааст”.