Дарёфти ҷасади зани 23-сола бо 28 зарби корд дар канори роҳ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини 21 ва 22-солаи вилояти Хатлон хабар дод, ки дар қатли ҷавонзани 23-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа айбдор мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод шоми шанбеи гузашта, 3-юми сентябр аз заминҳои деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар, тахминан 200метр дуртар аз роҳи мошингарди шаҳри Қурғонтеппа ҷасади зани шахсияташ номаълум бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд: “Ҷасади зан аз тарафи чапи гардан 22 захм ва аз қисмати рости бадан 6 захми халандаю буранда дошт”.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, муштарак бо додситонии Хатлон муайян намудаанд, ки кушташуда зани 23-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад: “Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят сокини 21-солаи шаҳри Қурғонтеппа ва сокини 22-солаи ноҳияи Бохтар дастгир карда шуданд”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.