баргард чоп кардан

Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса дорад

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо раиси Кумитаи саёҳат ва осори он кишвар амир Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот анҷом дод.


Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши ҷаҳонгардӣ, кофтуковҳои ҳафриётӣ, таъмиру нигоҳдории ёдгориҳои археологӣ ва мавзӯъҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз департаменти иттилооти ВКХ хабар доданд, зимни нишаст Амир аз ҷумла ишора кард, ки кумитаи саёҳат ва осори Арабистони Саудӣ метавонад аз таҷрибаи экспедитсияҳои археологии Тоҷикистон баҳра бигирад. Ӯ афзуд, ки оид ба саёҳат ҷониби Тоҷикистон ҳеч гуна мушкилоти раводид барои шаҳрвандони саудӣ эҷод намекунад ва изҳори умед намуд, ки рағбати онҳо барои сафар ба Тоҷикистон афзоиш ёбад.