баргард чоп кардан

Дар Душанбе як ноболиғ бо ҳероин боздошт гардид

Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт миқдоре аз маводи мухаддир забту мусодира гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт дар ҳудуди кӯчаи С. Шерозӣ ноболиғ Фирӯзи Шарофиддин 16 сола, мувваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский, айни ҳол дар ягон ҷой намехонад, дастгир карда шуд. Аснои кофтукови шахсӣ аз кисааш 9 грамм маводи нашъадори ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.