баргард чоп кардан

Тоҷикистон дар мубориза бо бемории сил гоми устуворе гузоштанист

«Дурнамои идоракунии тадбиқи Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Тоҷикистон». Бо ҳамин унвон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ шуд.


Қарор аст, тайи ду рӯзи ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён масоили ташкили чорабиниҳои зиддимилӣ дар доираи тадбиқи Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии кор бо муассисаҳои КАТС дар доираи тадбиқи Барномаи мазкур, идоракунии барномаи шакли мутобиқшудаи сил дар сатҳи ҷомеа ва чандин мавзӯи мубрами марбут ба бемории силро дар Тоҷикистон ба баррасӣ бигиранд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагиҳои бахши тандурустии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, намояндаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ- USAID, лоиҳаи ҲОУП, Фонди глобалӣ ва «Индас хоспитал» ширкат доранд.
Соҳибназар Раҳмонов дар расми ифтитоҳи ҳамоиш гуфт, ки солҳои охир муваффақ шудаанд, ки мизони дарёфти бемории силро дар қаламрави кишвар афзуда, сатҳи талафот аз силро коҳиш бидиҳанд. Ҳамчунин ба қавли номбурда мизони ба табобат фаро гирифтани беморони сил низ дар қиёс ба чанд соли пеш тамоюлӣ мусбӣ касб кардааст.  Ҷаноби Раҳмонов гуфт бо кумаки шарикони хориҷӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмиру тармими биноҳои касалхонаҳои сил ҷараён дорад. Дар робита зикр шуд, ки бинои нави беморхонаи касалиҳои сили «Шифо», воқеъ дар шаҳри Ваҳдат дар наздиктарин фурсат мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳаз аст.