баргард чоп кардан

Суғд: Раиси вилоят аз ҷузу томҳои низомӣ дидан кард

Қоҳир Расулзода дар доираи боздидҳои кориаш аз қисмҳои низомии вилояти Суғд, ба вазъи омодагии қисмҳои низомии шаҳри Чкалов аз наздик шинос гардид.


Раиси вилоятро комиссари ҳарбӣ А.Усмонов, сардори раёсати корҳои дохилии вилоят Шариф Назаров, мудири шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилоят С.Бобоҷонов ва ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Расулзода нахуст аз қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ боздид намуда, бо шароитҳои зисту хизмати афсарону аскарон, вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, ҳолати техникаи қисми ҳарбӣ шинос шуд.

Манбаъ афзуд, дар қисмҳои низомии 01972-и вазорати мудофиа раиси вилоят ба рафти корҳои сохтмону таъмиркунӣ шинос шуд. Чун дар дигар сохторҳо дар ин қисми низомӣ низ шароитҳои хуб муҳайё шудааст. Расулзода ба фаъолияти нонвойхонаи сарбозӣ шинос шуд. Изҳор гардид, ки 4 нафар нонвой дар як шабонарӯз 400-500 адад нон мепазанд ва сарбозон бо нони гарм таъмин мебошанд. Ҷаноби раиси вилоят оиди бо нерӯи барқи доимӣ таъмин намудани қисми низомӣ ба масъулин дастур дод. Ба ҷуз ин, Расулзода аз якчанд қисмҳои ҳарбии вазорати мудофиа, сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, госпитали ҳарбии вазорати мудофиа ва отряди таъиноти махсуси милитсияи раёсати корҳои дохилии вилоят дидан кард.