баргард чоп кардан

77 наваскар қасами ҳарбӣ ёд карда шомили артиш гаштанд

Пас аз маросими савгандёдкунӣ 77 нафар даъватшудагон ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ шомил шуданд.


Тавре аз маркази матбуоти кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар қисми ҳарбии 45095 (маркази таълимии ) ин кумита маросими  савгандёдкунии навдаъватшудагони тирамоҳии соли 2011 баргузор шуд. Гуфта мешавад, дар маросими мазкур муовини раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ генерал-майор Бахтиёр Орифов иштирок намуда, ба наваскарон дар роҳи адои хизмати   ҳарбӣ барору комёбиҳо орзу намуда, ба ҷавонон ёдрас намуд, ки хизмати ватан модарро бо сари баланд иҷро кунанд.