Заминларзаи 4 баллӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Имрӯз, 20 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон заминларза ба вуқӯъ пайвастааст.
Дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон мегӯяд, ин зилзила соати 11:16 сабт шуда, нерӯи он дар марказаш 4 баллро ташкил додааст: “Маркази зилзила марзи Қирғизистону Тоҷикистон, қаторкуҳҳои Заалай буда, шиддати зилзила дар маҳалҳои аҳолинишини Коргон 3 балл, рустои Сари-Талаа 2-3 балл ва Қара-Тейит 2 балл будааст”.