Баъди хабари “Озодагон” боз як ронандаи “баднафс” ҷарима шуд
Шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисории шаҳри Душанбе дар пайи шикояти як сокини пойтахт ронандаи мусофиркаши хатсайри №28 – М.Қодировро 1600 сомонӣ ҷарима бастааст.
Раҳматулло Одинаев, сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” шикоят намуда буд, дар арафаи Иди Қурбон қариб ҳамаи ронандаҳои хатсайри №28 то ними роҳ ду сомонӣ талаб мекарданд: “10 сентябр дар бозори Корвон аксари мусофиркашҳои хатсайри №28 ба ҷойи 80 дирам то бинои Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ 2 сомонӣ талаб менамуданд. Кондукторҳо вақти даъвати мусофирон огоҳ мекарданд, ки то ГАИ ду сомонӣ ва мусофироне, ки норозӣ буданд, кондукторҳо таъкид мекарданд, то савор нашаванд”.
Одинаев афзуд, мо савори мошине шудем, ки кондуктораш арзиши роҳкиро эълон намекард: “Бинобар ин бо дӯстам дар ин микроавтобус, ки рақами қайди давлатиаш 04-43 тт 05 буд, савор шудем. Хостем ба маҳаллаи “Политехникум” равем, вале кондуктор то истгоҳи РБДА 2 сомонӣ талаб кард. Ҷанҷолу хархаша дар дохили старекс шурӯъ шуд. Кор ба ҷойе расид, ки кондуктор ба ронанда амр кард, ки нақлиётро нигаҳ дорад, то мусофирони “саркаш”-ро фароранд. Чанд мусофири норозиро аз мошин фаровард. Ман ишора кардам, ки қазияи ҷазои як ронанда ва раиси ҷамъият бароятон дарси ибрат нашуд? Ронандаро ҷарима карданду кондуктор гурехт. Ронанда дар ҷавоб гуфт, он ронандаю кондукторе, ки ҷарима шуданд, ё гурехтаанд “р..х будай” ва исрор мекард, мусофирон ду сомонӣ пардохт намоянд”.
Дар мактубе, ки бо имзои Д.Қурбонов, сардори Шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисории шаҳри Душанбе унвонии “Озодагон” ирсол шуд, гуфта мешавад, Ронанда М.Қодиров 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 1600 сомонӣ ҷарима шудааст.
Шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисории шаҳри Душанбе аз кулли мусофирон даъват мекунад, ҳаққи худро аз ронандаҳо талаб намоянд ва дар ҳолати зарурӣ ба ин ниҳод, ки шумораи телефонҳояш дар ҳама хатсайрҳо насб шудааст, тамос бигиранд.