баргард чоп кардан

ВКД: Марди 47-сола ҳамсари ҷавонашро 17 корд задаст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 47-сола, сокини шаҳри Истаравшан хабар дод, ки дар қатли ҳамсари ҷавонаш муттаҳам мешавад.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса 22 сентябр тақрибан соати 11:00 рух додааст: “Муттаҳам дар хонаи хешованди 49-солааш дар шаҳри Истаравшан дар заминаи хусумати оилавӣ бо ҳамсари 26-солааш муноқиша карда, бо корд 17 бор ба узвҳои баданаш зарба задааст “Дар натиҷа зани ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст”.

Манбаъ афзуд, гумонбари ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.