баргард чоп кардан

Тоҷикистону Исроил дар бахшҳои мухталиф ҳамкорӣ карда метавонанд

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷа бо сафири ғайримуқими  Исроил дар   Тоҷикистон Хилел Нюман мулоқот кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, ҷаноби вазир нусхаи эътимодномаи дипломатии исроилиро қабул намуд. Зимнан,  ҳолати кунунии муносибатҳо арзёбӣ гардид ва таъкид   шуд, ки ҷонибҳо баҳри рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва савдо диққати худро бештар ҷалб намоянд.

Манбаъ афзуд, Ҳамрохон Зарифӣ таъкид сохт, ки соҳаҳои кишоварзӣ, тиб, энергияи барқароршаванда ва технологияҳои нав самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ байни ду кишвар шуда метавонад.

-Дар барқарор ва рушди ин муносибатҳо ҷамъияти яҳудиёни тоҷикистонӣ, ки даҳҳо ҳазорро дар давлати Исроил ташкил медиҳанд, ба ҳайси пули равобит хизмат карда метавонанд,-гуфт Хилел Нюман. Сафири Исроил иброз дошт, ки баҳри рушди муносибатҳо тамоми ҷидду ҷаҳд ва малакаашро равона хоҳад кард.