баргард чоп кардан

Мурғи марҷон- намуди нави пора дар ҷануби Тоҷикистон

Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Қубодиён корманди собиқи мизи ҳарбӣ   боздошт гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни гузаронидани амалиёт Абдураҳмон Шукурови 59 сола, сокини ҷамоати Навобод, ки қаблан дар мизи ҳарбии хоҷагии номбурда ифои вазифа дошт, ба даст афтод.

Манбаъ афзуд, Шукуров бо роҳи таъмаҷӯӣ аз шаҳрванд Авазова Т, сокини ҷамоати Навобод, деҳаи  Шоҳ, барои ба хизмати сарбозӣ набурдани писараш- Олим Худойқулови

20-сола, 100 доллари ИМА маблағи пулӣ талаб кардааст. Модари даъватшаванда ба ӯ 100 сомонӣ ва 1 мурғи марҷон «ҳадя» кардааст.

Ҳамчунин, Абдураҳмон Шукуров рӯзи 15-уми ноябри соли равон бо ҳамин роҳ аз сокинони ҷамоати Навобод, деҳаи  Шох, Абдуллоева-150 сомонӣ, аз Абдуллоева-145 сомониву 2 сар мурғи марҷон, аз Авазов Ғ- 100 сомонӣ маблағи пулӣ  талаб карда гирифтааст. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.