Данғара: Писари 23-cола модарашро зинда ба гӯр кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри сарбанд хабар медиҳад, ки дар зинда ба гӯр кардани модараш гумонбар мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, шоми 22 сентябри соли равон аз назди ташнобхонаи манзили истиқоматии як сокини 60-солаи ин деҳа аз чуқурии тахминан 1 метр ҷасади Нурова Садафмо Фатҳиддиновна, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Қайнамаи ноҳияи Данғара, бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин занро бо дасту по ва даҳони баста дохили курпа печонида ва зери хок кардаанд: “Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ва мақомоти Прокуратура дар ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор писари марҳум Миров Тағаймурод, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Сарбанд дастгир карда шуд”.
Манбаъ афзуд, "муайян гардид, ки рӯзи 17 ба 18-уми сентябри соли ҷорӣ, дар манзили истикоматии ба иҷора гирифташуда, воқеъ дар деҳаи Рахшонзамин аз ҳиссиёти баланди бадбинӣ ва муноқишаи оилавӣ, шаҳрванд Миров аввал бо мушту лагад ва сипас бо бел ба сару тани модараш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида ӯро беҳол гардонидаааст. Сипас бо рӯймол дасту по ва даҳони ӯро баста, бо ин роҳ муқобилият ва фарёд кашидани ӯро бартараф намуда, ҷабрдидаро ба курпаи тунук мепечонад. Ва бо як бераҳмии махсус дар ҳолати ҳоло зинда будани модараш чуқурӣ канда, ӯро зинда ба онҷо гур мекунад ва болояшро бо хок мепӯшонад".
Тибқи иттилои ВКД Тағаймурод Миров ба ҳамсояҳо гуфтааст, ки модараш бедарак шудааст: "Аммо баъди он, ки маҳалларо бӯи ғализ фаро мегирад, ҳамсояҳо ба мақомоти милиса муроҷиат мекунанд ва қазия ошкор мешавад".
Манбаъ мегӯяд, ин ҷавон қаблан бо моддаи 244 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.