Гузориши аксӣ аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Дарвоз (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 28-уми сентябр дар доираи сафари корияш ба ноҳияи Дарвоз дар ҷамоати деҳоти Сағирдашт варзишгоҳи “Карон-арена” ба истифода дода, барои бунёди мактаби нави миёна санги асос гузошт. Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин бо шароити хидмати низомиён шинос шуда, аз намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии қишлоқи ноҳияи Дарвоз боздид намудааст.