баргард чоп кардан

4 солу 4 моҳ ҳукми Абдулазиз дар Маскав бо иттиҳоми узвият дар “Ҳизб-ут-таҳрир-ал исломӣ”

Додгоҳи низомии Маскав як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро дар узвият ба созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-таҳрир-ал исломӣ” муҷрим шинохта 4 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Бино ба иттилои Додситонии Маскав, Абдулазиз Усмонов аз моҳи октябри соли 2014 то октябри 2015 дар ҷаласаҳои ин созмони мамнӯъ дар чанд гӯшаи Маскав иштирок намудааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин ҷаласаҳо адабиёти идеологӣ тадрис шуда ба иштирокдорон роҳҳои тарғиби он барои ҷалби аъзои навро омӯхтаанд.

Усмонов моҳи октябри соли 2015 аз сӯйи кормандони Раёсати ФСБ боздошт шуд.