баргард чоп кардан

2578 ҷойи корӣ пешниҳод гардида, ҳамагӣ 81 кас соҳиби ҷойи кор шуд

Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» дар доираи нақшаи чорабиниҳои вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо ташаббуси Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои  озод сурат пазируфт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агенти мазкур хабар доданд, ин ярмарка  дар якҷоягӣ бо корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар ярмаркаи мазкур  40  корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок ва ба корҷуён 2578 ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд. Тавассути ин  ярмарка ба 81 нафар корҷӯён барои бо кор таъмин шудан аз ҷониби мақомоти агентӣ роҳхат дода шуд. Инчунин, барои омӯхтани касбҳои дилхоҳ 14 нафар бо роҳхат ба муассисаҳои таълимии назди агентӣ фиристода шуданд.