баргард чоп кардан

Маҳкумияти тоҷики дипломдору иштирокчии ҷанги Афғонистон барои интиқоли героин дар меъда

Додгоҳи шаҳри Ангарски вилояти Иркутск, Рустам Ғозиев (насаб иваз шудааст), шаҳрванди 59-солаи Тоҷикистонро барои интиқоли маводи мухаддир дар меъда ва фурӯши он ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии “Губерния” Рустам Ғозиев 1 килограмм маводи мухаддирро барои аз Тоҷикистон ворид кардан ба Русия дар меъдаи худ ҷо кардааст. Ӯ дар фурӯдгоҳи шаҳри Новосибирск ба хотири рӯйи рангпарида ва хаста мавриди шубҳаи кормандони гумрук қарор гирифтааст. Мақомоти пулис Рустамро то меҳмонхонаи вокзали роҳи оҳан таъқиб кардаанд. Ӯ аз ин ҷо бо қатор ба шаҳри Ангарск рафтааст ва онҷо ҳангоми фурӯши 1,8 грам маводи мухаддир ба як нашъаманд ба дасти пулис афтидааст. Тибқи парванда маводи мухаддири боқимонда, ки гӯиё Ғозиёв 16 қисм карда, дар меъдааш ба Русия овардааст, зимни кофтукоби манзили ӯ дарёфт шудааст.

Расонаҳои русӣ бо такя ба маводи парванда иттилоъ медиҳанд, ин шаҳрванди Тоҷикистон, муътоду майнӯш нест ва дорои маълумоти олӣ мебошад. Ғозиев инчунин солҳои 80-уми асри гузашта дар ҷанги Афғонистон иштирок кардааст ва суд инро ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба назар гирифта, ӯро ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст.