Охирин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик дар роҳ ба сӯи Душанбе (ВИДЕО)
Гуруҳи охирини ҳоҷиёни тоҷик фардо, 6 октябр вориди Душанбе хоҳанд шуд.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ин гуруҳ аз 300 нафар иборат буда, ҳамагӣ сокинони вилояти Хатлонанд. Ба иттилои манбаъ, ин ҳоҷиён тавассути ҳавопаймои ширкати “Флай Нас”-и Арабистони Саудӣ аз Мадина ба Душанбе хоҳанд омад.
Нахустин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 17 сентябр ба Ватан расида буд. Сафари зоирини тоҷик ба Арабистони Саудӣ 22 август шурӯъ шуда буд. Дар маъракаи Ҳаҷ-2016 беш аз 6000 нафар ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд. Ҳазинаи ҳаҷ барои ҳар нафар 3600 доллар муқаррар шуда буд.