Корманди ошхона дар куштори ҳамдеҳааш гумонбар мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сокини 35-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро бо иттиҳоми куштор дастгир намудааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, боздошти ин муттаҳам 8 октябр дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар яке аз ошхонаҳои ноҳияи Шаҳристон кор мекардааст, 7 октябр тахминан соати 22:40 дар ҳавлии ошхона, дар пайи муноқиша бо корд ба қафаси ҳамдеҳаи 42-солааш як маротиба задааст: “Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Ба иттилои ВУД, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.