баргард чоп кардан

Ҳушдори Ғарб аз ҳамлаҳои террористӣ ва басташавии марзи Қирғизистону Тоҷикистон

Сафоратҳои Амрико ва Бритониёи Кабир дар Қирғизистон аз хавфи ҳамлаҳои террористӣ дар Қирғизистон, махсусан дар ҷануби ин кишвар ҳушдор дода, шаҳрвандонашонро ба эҳтиёткорӣ даъват намудаанд.

Дар изҳороти сафоратҳои Амрикою Бритониё аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки аз ҳузур дар назди издиҳоми одамон худдорӣ кунанд ва дар ҳолатҳои фавқулода мувофиқи дастури мақомоти маҳаллӣ амал намоянд.

Сафорати Бритониё аз шаҳрвандонаш хостааст, махсусан ҳангоми боздид аз вилоятҳои Ош, Бодканд ва Ҷалолобод эҳтиёткор бошанд: “Сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Узбакистон метавонад, бидуни огоҳӣ баста шаванд”.

Мақомоти амнияти милллӣ ва умури хориҷии Қирғизистон гуфтаанд, аз таҳдидҳо хабаре надоранд ва дар пайи нашри изҳорот ба таҳқиқи онҳо пардохтаанд.