Марги як кӯдаки 7-сола дар ҷануби Тоҷикистон дар пайи ҳодисаи нохуш
Бар асари чаппа шудани як чархи кӯҳнаи трактор ноболиғ ба ҳалокат расид.
Тибқи иттилои ВКД, ин ҳодиса дар ноҳияи Ҷ. Румӣ рух дода, ноболиғ Тоҳирбек Нормуродови 7-сола, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати Маданият, деҳаи Меҳнат, ҳангоми бозӣ кардан дар назди манзили истиқоматиашон аз беэҳтиётии худ чархи кӯҳнаи тракторро ба болояш чаппа кардааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аснои азназаргузаронии ҷасад аломати марги маҷбурӣ мушоҳида карда нашуд.