Пешгӯӣ: Камомади буҷаи Тоҷикистон 2-3%-ро ташкил хоҳад кард
Бонки Осиёи Рушд (БОР) дар Стратегияи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 пешгӯӣ карда, ки камомади буҷаи Тоҷикистон дар соли равон 2-3 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил хоҳад дод.
Дар ин стратегия гуфта мешавад, тавозуни буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2014 мусбат буд ва 0,1 дарсади ММД-ро ташкил медод. Тамоми даромадҳо ва грантҳо дар соли 2015 ба 30,1% расидаанд, ки ин омор дар соли 2014, 28,4 дарсадро ташкил медодааст.
Бар асоси омори БОР тамоми хароҷоти Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2015 баробар ба 32,4% будааст. Ин хароҷот дар соли 2014 ба 28,3% мерасид. “Сармоягузориҳои давлатӣ дар соли 2014 баробар ба 9,1% будааст. Бештари сармоягузории давлатӣ ба соҳаҳаои энергетика ва бахшҳои нақлиёти иқтисод рабт доштааст”,—гуфта мешавад дар ин санад.
Пешгӯии БОР дар мавриди камомади буҷа дар ҳолест, ки қаблан гуфта шуд, ҳаҷми камомади буҷаи давлатӣ дар соли ҷорӣ 0,5% ММД-ро ташкил хоҳад дод. Сарчашмаҳои ҷуброни камомади буҷаи давлатӣ аз ҳисоби даромадҳо аз хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ гуфта мешавад. Ҳамчунин камомади буҷаро аз ҳисоби векселҳои хазинадорӣ, қарзҳо ва грантҳо аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва Бонки аврупоии субот ва рушд дар назар аст, ҷуброн кунанд.